Бозии тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.
Ин бозии гурӯҳи “А” 10-уми июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити»-и шаҳри Капас доир гардид.
Ҳисобро мизбонон дар дақиқаи 28-уми дидор кушоданд. Баъди зарбаи бозигари мунтахаби Филиппин тӯб ба тири дарвоза бархӯрда, бозгашт ва онро Бйорн Кристенсен ба дарвозаи Рустам Ятимов ворид кард.
Пас аз се дақиқа Эҳсони Панҷшанбе ҳисобро баробар намуд. Вай берун аз хатти ҷаримагоҳ зарба зад, тӯбро дарвозабони мизбонон дошта натавонист.
Дар охири нимаи аввали бозӣ мизбонон дар ҷаримагоҳи худ қоидаи бозиро муқобили Эҳсони Панҷшанбе вайрон карда, ӯро аз по афтонданд. Сардовари бозӣ Ҳасан Акрамӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дарвозаи филиппиниҳо ҷаримаи 11-метрӣ таъин кард. Тӯбро аз пеналти Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 42-юм ба нишон расонд.
Дар қисми дуюми бозӣ мизбонон фаъол шуда, ҳисобро баробар карданд. Тӯбро дар дақиқаи 79-ум аз ҷаримагоҳ боз ҳам Бйорн Кристенсен ба дарвозаи футболбозони тоҷик зад.
Ҳамин тариқ, бозӣ бо ҳисоби 2:2 ба поён расид ва ҳарду даста якимтиёзӣ гирифтанд.
Дар бозии дигари даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” тими миллии Тимори Шарқӣ дастаи мунтахаби Молдивро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро бозигари мизбонон Ҷоао Педро дар дақиқаи 45-ум зад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон бо чаҳоримтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷои аввал, Тоҷикистон дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи “А” қарор доранд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии сеюми худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 рӯзи 9-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили тими миллии Молдив анҷом медиҳад.
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.
Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Тақвими бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:
Даври якум
Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ – 1:0
Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 3
25-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 8520 тамошобин.
Филиппин – Молдив - 4:1
Голҳо: Ҷефферсон Табинас, 6 (1:0), Бҷом Кристенсен, 19 (2:0), Алӣ Фасир, 62 (2:1), Ренди Шнейдер, 62 (3:1), Сандро Рейис, 90+2 (4:1)
Даври дуюм
Филиппин – Тоҷикистон – 2:2
Голҳо: Бйорн Кристенсен, 28 (1:0). Шервонӣ Мабатшоев, 30 (1:1). Парвизҷон Умарбоев, 42 – аз пеналти (1:2). Бйорн Кристенсен, 79 (2:2).
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷурабоев, Аҳтам Назаров (капитан), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев, Шервонӣ Мабатшоев (Фатҳулло Олимзода, 68), Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Парвизҷон Умарбоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 73), Шаҳром Самиев (Содиқҷон Қурбонов, 90+1).
10-уми июн. Филиппин. Варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити». 10 854 тамошобин.
Тимори Шарқӣ – Молдив – 1:0
Гол: Ҷоао Педро, 45
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1 | ФИЛИППИН | 2 | 1 | 1 | 0 | 6-3 | 4 |
2 | ТОҶИКИСТОН | 2 | 1 | 1 | 0 | 3-2 | 4 |
3 | ТИМОРИ ШАРҚӢ | 2 | 1 | 0 | 1 | 1-1 | 3 |
4 | МОЛДИВ | 2 | 0 | 0 | 2 | 1-5 | 0 |
Даври сеюм
9 октябри 2025 (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Молдив
Тимори Шарқӣ – Филиппин
Даври чорум
14 октябри 2025 (сешанбе)
Молдив - Тоҷикистон
Филиппин – Тимори Шарқӣ
Даври панҷум
16 ноябри 2025 (сешанбе)
Тимори Шарқӣ - Тоҷикистон
Молдив - Филиппин
Даври шашум
31 марти 2026 (сешанбе)
Тоҷикистон – Филиппин
Молдив - Тимори Шарқӣ