Шаҳрдории Душанбе аз миёни 12 ширкати мусофиркашонӣ танҳо ба чор ширкат иҷозаи кор дар пойтахтро додааст.
Ронандагон мегӯянд, онҳоро маҷбур доранд, то бо чор ширкати дорои иҷозаи кор дар пойтахт аз нав шартнома банданд, вале нархи хидматрасонии онҳо чанд баробар бештар аз ширкатҳои қаблӣ аст. Ширкатҳо барои хадамоташон ва пайдо кардани мусофир аз соҳибони мошинҳо ҳар рӯз сад сомонӣ мегиранд.
Ронанда Соҳибназар Назаров аз онҳоест, ки аз бонк пул қарз гирифта, мошин харидааст, то бо кирокашӣ ҳам зиндагияшро пеш барад ва ҳам қарзашро баргардонад, вале ширкати “Як таксӣ”, ки дар он кор мекард, барҳам хурд. Вай рӯзи 9-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо гуфтаанд, ба ширкати дигар шартномаи ҳамкорӣ имзо кунанд.
“Ба мо аз ширкат занг заданд, “СМС” равон карданд, ки ширкат баста шудааст. Моро БДА равон карданд, "Шаҳри бехатар” равон карданд. Гуфтанд, санади расмӣ гиред, ки қарздор нестед, шуморо ширкати 80 00 бояд равон кунанд. Дар ин ширкати 80 00 рӯзона кор кунед, накунед,100 сомонӣ ҳаққи ширкатро бояд пардозед. Тақрибан 70 фоизи ронандагоне, ки дар ширкат кор мекунанд аз бонк пул қарз доранд, зуршон намерасад,”-- афзуд ӯ.
Вай таъкид намуд, ки қаблан аз даромади умумияшон танҳо 10 дарсадро ширкат мегирифт, аммо дар ширкати 80 00, ки дар он бояд корро идома диҳанд, агар рӯзе кор ҳам накунанд, бояд 100 сомонӣ пардохт кунанд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, зӯраш ба ин маблағ ва ҳам пушондани қарзи бонкияш, ки моҳе 7,5 ҳазор сомонист, намерасад.
“Ҳозир намешавад, ба Худо ҳамин қадар қин аст, ки ман худам ронанда, мошинро қарз гирифтам, дар пардохти пулаш зурам меояд. Ҳафтуним ҳазор сомонӣ қарзи моҳона, се ҳазор сомонӣ аз ин 100 сомонӣ шавад агар, даҳуним ҳазор сомонӣ ҳар моҳ бояд супорем. Мо на ризқу рузиямонро меёбем, на зиндагиро пеш бурда метавонем, на ба фарзандонамон ягон чӣ харида метавонем. Ҳаминро ақалан 50 сомонӣ мекарданд, барои мо хеле сабук мешуд. Ҳозир ҷабри бад аст,”--гуфт ронанда Соҳибназар Назаров.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Чунин нигарониҳо дар пайи он сурат мегиранд, ки ҳукумати Душанбе танҳо ба чор ширкати мусофиркашонӣ квота ё иҷозаи таксиронӣ дар ҳудуди пойтахтро дода, шумораи таксиҳоро аз чор ба 12 ҳазор боло бурдааст.
Дар санаде, ки рӯзи 2-юми июн аз ҷониби Раҳмиддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе имзо шудааст, ба ширкатҳои “Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” иҷоза дода шудааст, ки ҳар кадоме 3000 мошинро барои мусофиркашонӣ истифода кунанд.
Дар ин санад номе аз 9 ширкати дигари таксиронӣ, мисли “Рахш-таксӣ” ва “Талко-Персия” зикр нашудааст.
Барҳам додани чанд ширкати таксӣ пурсишҳоеро барои ронанда Бахтиёр Иброҳимов ба миён гузоштааст. “Мо ҳозир ҳаминро пурсидем, ки яке бемор шавем ё ягон касалӣ дошта бошем, чӣ мешавад? Гуфтанд, ки фарқ надорад, ҳар рӯз 100 сомонӣ бояд пардохт кунем,”- афзуд Бахтиёр Иброҳимов.
Ронанда Қудратшо Хазоновро норӯшаниҳо дар кораш ғарқи андеша намудааст. Ӯ гуфт: “Бачаҳо дар ташвишанд, ки чанд муддат бекор мемонда бошем, чӣ хел мешуда бошад? Ҳозир ягон чӣ шавад, мақсад кормандони БДА ғам медиҳанд, намедиҳанд. Ҳозир ҳама санадҳоро, “путёвка”-амонро мегиранд, чӣ хел кор мекунем, номаълум аст.”
Баъзе ширкатҳои таксӣ қатъи кори худро тасдиқ, вале аз шарҳи мавзӯъ низ худдорӣ карданд. Идораҳои марбутаи шарҳдории Душанбе ба тамосҳои мо посух надоданд. Ҳоло соҳибони чор ширкате, ки иҷозаи кор дарёфт кардаанд, барои расонаҳо ва ҷомеа маълум нестанд.
Рӯзи 14-уми май Радиои Озодӣ ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт номаи расмӣ ирсол намуд, то мавзӯъро шарҳ диҳанд. Посухи ин ниҳод бо таъхир, 26-уми май ба Радиои Озодӣ расид, ки дар он гуфта шудааст, аз сӯи ин ниҳод фаъолияти ягон ширкати таксӣ маҳдуд ё бекор нашудааст. Дар номаи ин хадамот зикр шудааст, ки дар маҷмӯъ дар кишвар 65 ширкат дорои иҷозатномаи мусофиркашонӣ буда, миёни ширкатҳои таксӣ рақобати солим вуҷуд дорад. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба пурсишҳои Радиои Озодӣ посухи комил надода, таъкид кардааст, ки шумораи таксиҳо дар пойтахт бар асоси квотаи мақомоти шаҳри Душанбе ва дар дигар навоҳӣ аз сӯи Вазорати нақлиёт муайян карда мешавад.
Дар чанд моҳи ахир нигарониҳо аз сӯи ронандагони таксӣ бештар садо медиҳад. Охири моҳи апрели имсол ронандагони баъзе ширкатҳои таксиронӣ, бахусус "Рахш таксӣ" аз баркандани рақамҳояшон шикоят карда буданд. Ронандагон гуфтанд, вақте аз нозирони БДА мепурсанд, ки акнун чӣ кор кунанд ва дар посух мешунаванд, ки "ба ширкати 90-90 равед."
Баъзе расонаҳои марбут ба мухолифин дар Аврупо, ширкати 90-90 ё "Эко таксӣ"-ро марбут ба ширкати "Фароз" медонанд. Намояндагони "Эко таксӣ" инро рад мекунанд. “Фароз”-ро ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут медонанд, ки соли 2020 эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Таҳқиқоти журналистӣ нишон дод, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд.
Баҳсу мушкилоти ширкатҳои таксӣ дар Тоҷикистон нав нест. Дар гузашта, мақомот баъзе аз ширкатҳоро маҷбур карда буданд, ки мошинҳои соли истеҳсолашон куҳнатарро нагузоранд мусофиркашонӣ кунанд. Дертар аз ширкатҳо хоста шуд, ки бештари таксиҳо мошини барқӣ ё электромобил бошанд. Бар асоси як қарори шаҳрдории Душанбе, бояд тамоми таксиҳо дар пойтахт мошинҳои барқӣ бошанд.
Гуфтугӯ