Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои президенти Кумитаи миллии олимпии Арманистон Гагик Сарукян, ки рӯзҳои 7-8-уми июн дар шаҳри Ереван доир гардид, ду медал (як тилло ва як нуқра) ба даст оварданд.
Дастаи мунтахаби Португалия, ки дар финали Лигаи миллатҳои УЕФА (Созмони футболи Аврупо) тими миллии Испанияро аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:3 шикаст дод, ғолиби ин мусобиқот гардид.
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои президенти Кумитаи миллии олимпии Арманистон Гагик Сарукян, ки дар шаҳри Ереван ҷараён дорад, барандаи медали нуқра шуд.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона аз тими наврасони то 15-солаи Русия бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Дастаҳои мунтахаби Португалия ва Испания ба финали Лигаи миллатҳои УЕФА роҳ ёфтанд. Бозии ниҳоӣ 8-уми июн дар варзишгоҳи "Алянс Арена"-и шаҳри Мюнхени Олмон доир мешавад.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бозии аввали дӯстонаро бо тими наврасони то 15-солаи Русия бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.
Ёфтҳои бештар