Доналд Трамп аввали ин ҳафта дар маросиме дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, "Ғазза дар ҳоли ҳозир меҳвари музокироти густурда байни мо, "Ҳамос" ва Исроил аст ва Эрон ҳам дар ин гуфтугӯҳо иштирок дорад".
Президенти Амрико шарҳи бештаре дар бораи нақши Эрон дар ин гуфтугӯҳо надод. Мақомҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам ҳанӯз ба ин гуфтаҳои Доналд Трамп вокуниш нишон надодаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузориши соли 2023 дар бораи терроризм, Ҷумҳурии исломии Эронро муттаҳам карда буд, ки ба таври давомдор аз "гурӯҳҳои террористии фаластинӣ", ҳимоят мекунад.
Амрико гуфта буд, ки ин пуштибониҳо шомили таъмини силоҳ, омӯзиш ва дигар кӯмакҳо мешаванд ва афзуда буд, ки ҳимояти Эрон ба гурӯҳи "Ҳамос" имкон дод, то ҳамла ба Исроил дар ҳафтуми октябри соли 2023-ро тарҳрезӣ ва анҷом диҳад.
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро гурӯҳи террористӣ медонанд.
Дар ҳамлаи ин гурӯҳ дар рӯзи 7 октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил, 1200 нафар кушта ва 251 нафар ба гарав гирифта шуданд.
Аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза, ба гуфтаи мақомоти тандурустӣ, то кунун беш аз 54 ҳазор нафар фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд. Аксари кушташудаҳо занон ва кӯдакон мебошанд.
Амрико ва Исроил хостори озодии 58 гаравгони боқимонда дар дасти "Ҳамос" ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ ҳастанд, ки гуфта мешавад, шуморе аз онҳо ҳанӯз зинда мебошанд.
Гуфтугӯҳо байни ҷонибҳо бо вуҷуди миёнаравии кишварҳое чун Қатар ва Миср, бинобар ихтилофи амиқ байни Исроил ва "Ҳамос", ҳанӯз ба натиҷа нарасидааст.
Гурӯҳи "Ҳамос" дар охирҳои моҳи май дар посух ба тарҳи наве, ки Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Амрико барои Ховари Миёна, пешниҳод кард, эълон намуд, ки дар баробари озодии шуморе аз асирони фаластинӣ, 10 гаравгони зиндаро дар чанд марҳила озод ва ҷасадҳои 18 гаравгони дигарро таслим хоҳад кард.
Ин гурӯҳ дар муқобил хостори оташбаси доимӣ, хуруҷи комили нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза ва расонидани кӯмакҳои башардӯстона шуд. Стив Виткофф посухи ин гурӯҳро ғайри қобили қабул хонд ва рад кард.
Гуфтугӯ