Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонунҳои нав сафари муҳоҷирони тоҷикро ба Русия кам кардааст?


Ду муҳоҷири собиқ дар хиёбони Душанбе
Ду муҳоҷири собиқ дар хиёбони Душанбе

Бархе аз муҳоҷирони меҳнатии собиқ, ки солҳо дар Русия будаанд, мегӯянд, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар ин кишвар кори онҳоро душвор кардааст ва ҳоло нияти рафтан ба Русияро надоранд.

Боронбой Азизов, сокини шаҳри Кӯлоб аз зумраи онҳоест, ки рӯзи 11-уми июн дар яке аз мардикорбозорҳои Душанбе дар ҷустуҷӯи кор буд. Вай дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, харҷи ҳуҷҷатгузорӣ дар Русия онҳоро бештар дар ташвиш гузоштааст.

“Ҳамин ҳуҷҷатгузорӣ, ки 50-60 ҳазор рубл даркор аст, асосан муҳоҷиронро дилгир кардааст. Барои ҳамин одамҳо намераванд дигар. 30 ҳазор рубл мегирӣ ҳуҷҷатгузорияш 60-70 ҳазор рубл мешавад. Ин харҷро намепушонад. Бо ин ҳол аз куҷо зиндагиро пеш мебарем, пули иҷораи манзил, харҷӣ равуо аст. Бисёр мушкил шудааст,”--афзуд ӯ.

Айни чунин нигаронӣ, ки тағйиротҳо дар қонунгузории Русия вазъи молии муҳоҷиронро сангинтар мекунад, аз забони як мансабдори тоҷик низ садо дод.

Шариф Норзода, муовини вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои муҳоҷирати Русия, кор дар бозори ин кишвар бисёр муҳоҷиронро дилсард мекунад. Ӯ ин нуктаро рӯзи 10 июн дар як суҳбаташ бо хабаргузории русии ТАСС гуфта, таъкид намудааст, ки “аз як сӯ, ҷараёни ба танзим даровардани қонунҳои Русия барои қонунӣ кардани муҳоҷирон ва таҳти ҳимоят гирифтани ҳуқуқи онҳо мусоидат мекунад, вале айни замон, талаботро сахттар карда, бори молию маъмурии онҳоро сангинтар мекунад."

Видеоро инҷо бинед:

Қонунҳои нави Русия муҳоҷирати кории тоҷикистониҳо ба ин кишварро коҳиш додааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Дар пайи сахттар шудани қонунгузорӣ ва афзоиши рейду санҷишҳо ҳоло Азизбек Мусоев, муҳоҷири собиқ ва сокини Душанбе дар ташвиш аст, ки ин бор ба Русия равад, бо чӣ чизҳое рӯбарӯ хоҳад буд.

Вай дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ман аз соли 2002 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравам. Бори охир соли 2023 рафта, баргаштам. Каме вазъи саломатиям хуб нест. Беҳтар шавам, мумкин равам, лекин ҳоло баъди қабули қонунҳои нав дар чунин фикрам, ки чӣ хел мешуда бошад ҳозир, патента чӣ хел мегирем. Масалан, ин ҳуҷҷатгузориро чӣ хел мекарда бошем, чӣ гап мешуда бошад”.

Думаи давлатии Русия дар як соли охир наздик ба 40 қонуни нави марбут ба муҳоҷиратро қабул кард. Ангуштнигорӣ ва супурдани геном дар марз, сода кардани ихроҷи муҳоҷирон, сахттар кардани имтиҳони забони русӣ, назорати ҳаракати онҳо ба воситаи телефон, маҳдудияти баъзе касбу пешаҳо ва қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия аз ҷумлаи онҳост. Дар пайи ҷорӣ намудани чунин дигаргуниҳо рейду санҷиш ва боздошту тафтиши муҳоҷирон бештар ба назар мерасад. Чунин вазъ ба назари коршинос Раҳмон Улмасов таваҷҷӯҳи муҳоҷирони тоҷикро ба бозори меҳнати Русия кам кардааст.

“Ҳафтае нест, ки як қонуни нав дар бораи муҳоҷират қабул накунанд. Шумораи муҳоҷирон дар ҷамъбасти солҳои гузашта аз 15 то 17 фоиз кам шуд ва ин шумора боз кам мешавад. Барои чӣ? Барои он ки ончӣ ки дар муносибат барои муҳоҷират дар Русия аст, ин мардуми моро қонеъ карда наметавонад ва ҳуқуқи онҳо аз бисёр ҷиҳат вайрон карда шудааст,"-- шарҳ дод, Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷирати меҳнатӣ.

Ба назари ӯ, фишор болои муҳоҷирон дар Русия боис шудааст, корҷӯёни тоҷик бештар ба кишварҳои аврупоӣ сафар кунанд, ки шароиташ беҳтар аст.

Русия кишвари муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст, вале пас аз ҳамлаи моҳи марти соли гузашта ба толори “Крокус” дар наздикии Маскав шикояти муҳоҷирон аз санҷишу ихроҷашон аз қаламарави ин кишвар бештар гардид.

Мақомоти қудратии Русия зиёда аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ин ҳамла боздошт карданд. Баъзе аз онҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд. Ҳарчанд муносибати дағал, санҷишҳои пайиҳам, маъракаҳои иттилоотии зидди муҳоҷирон дар Русия то моҳи марти соли 2024 низ ҷой дошт, баъд аз он бештар шуд.

Ба иттилои расмӣ дар ним соли 2024 наздик ба 400 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 - 15 дар сад камтар будааст.

Тибқи омори гуногун дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки танҳо соли 2024 беш аз сӣ ҳазор муҳоҷирон аз Русия ихроҷ шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG