Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 дар мавсими 2025/2026 соҳиби муҷаввиз (лицензия) гардид.
“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот иштирок мекунад. Даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 дар мавсими нав рӯзҳои 17-19-уми сентябр баргузор мешавад.
Намояндаи дигари Тоҷикистон - "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, барандаи Ҷоми кишвар, дар марҳилаи интихобии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 иштирок хоҳад кард.
Рақиби тими “Регар-ТадАЗ” дастаи "Аҳал"-и Туркманистон мебошад. Бозии ин ду даста дар миёнаи моҳи август дар Тоҷикистон барпо мегардад.
Дар сурати пирӯзӣ дастаи "Регар-ТадАЗ" соҳиби роҳхат ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқот дар мавсими 2025/2026 мешавад. Дастаи ноком мустақиман дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (AFC Challenge League) ширкат меварзад.
Ёдовар мешавем, дар мавсими гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2 дар гурӯҳи “С” бидуни имтиёз зинаи охирин – чаҳорумро ишғол кард.
«Истиқлол» дар ҳамаи шаш бозӣ аз рақибонаш “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, «Сипоҳон»-и Эрон ва “Ал-Ваҳдат”-и Урдун шикаст хӯрд. Ин бадтарин натиҷа дар таърихи иштироки қаҳрамони футболи кишвар дар мусобиқоти бошгоҳии Осиё аст.
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бошад, дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 дар гурӯҳи “А” бо се имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шуда, аз ҳаққи иштирок дар даври баъдии мусобиқоти минтақаи Ғарб маҳрум гашт.
Дар мавсими 2025/2026 Тоҷикистонро дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 “Истиқлол”, қаҳрамони кишвар ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, барандаи Ҷоми миллӣ, намояндагӣ мекунанд.
Аммо шуруъ аз мавсими 2026/2027 ҳеҷ кадоме аз тимҳои Лигаи олии Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2 ширкат намеварзад ва бошгоҳҳои футболи тоҷик дар Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё иштирок хоҳанд кард.
Гуфтугӯ