Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба навори таҳқири муҳоҷирон эътироз кард. Русия посух дод


Узбекистон ба таъқиби бераҳмонаи муҳоҷирон дар Маскав эътироз баён кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Узбекистон ба таъқиби бераҳмонаи муҳоҷирон дар Маскав эътироз баён кард

Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки эътирози Узбекистонро дар робита ба шеваи тафтиши хобгоҳи муҳоҷирон дарёфт кардааст.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 11-уми июн гуфтааст, ки нотаи Узбекистонро дастрас кардаанд ва эътирози мақомоти ин кишварро омӯхта, ба он посух медиҳанд. Ӯ гуфтааст, ки шикояти мақомоти Узбекистонро ба ниҳодҳои масъул фиристодаанд, то онро таҳқиқ кунанд.

Мақомот дар Узбекистон дар робита бо рейдҳои зидди муҳоҷирон дар Русия ва ҳам зидди шеваи бераҳмонаи муносибати ходимони ҳифзи қонун эътироз карда буданд.

Рӯзи 8-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоии юриши ходимони ҳифзи қонун ба хобгоҳи муҳоҷирон нашр шуд. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки чӣ гуна кормандони пулис ба муҳоҷирон дарафтода онҳоро латукӯбу таҳқир мекунанд. Телеграм-канали База, ки марбут ба сохторҳои ҳифзи қонун гуфта мешавад, хабар дод, ки навори видеоӣ ҳафтаи ҷорӣ аз рейде дар хобгоҳи воқеъ дар маҳаллаи Срогинои шаҳри Маскав бардошта шудааст.

Мақомот дар Тошканд аз дидани саҳнаи рафтори ғайриқонунӣ ва бераҳмона бо муҳоҷирон ба хашм омада, ба мақомоти Русия дар ин замина эътироз баён карданд. Оҷонсии муҳоҷирати назди ҳукумати Узбекистон гуфт, ки посухи расмии Маскавро интизор аст. Дар изҳороти ин ниҳод гуфта шудааст, ки дар ҷараёни рейд аъзои ОМОН ва Росгвардия аз нирӯ истифода карданд. Ин ҳодиса зери назари Консулгарии генералии Узбекистон дар Маскав мебошад. Мақомоти Узбекистон бо такя ба телеграм-каналҳо хабар доданд, ки дар ин рейдҳо панҷ нафар бо гумони вайрон кардани муқаррароти муҳоҷират боздошт шудаанд. Дар миёни онҳо ду нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, вале мақомот дар ин кишвар, мисли бисёр дигар ҳодисаҳо дар гузаштаҳо, ба ин хабар вокунише накарданд. Ду шаҳрванди боздоштшударо ба Тоҷистон истирдод карданд.

Оҷонсии муҳоҷирати Узбекистон аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ки ба зудтарин фурсат бо намояндагии ин идора дар Русия аз ҳолатҳои осеб дидан, поймол шудани ҳуқуқ ва мушкилоти дигар хабар диҳанд. Ин Оҷонсӣ дар изҳороташ гуфтааст, ки "муносибати дағалона бо шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби бархе намояндагони ҷудогонаи сохторҳои ҳифзи қонуни Русия боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад.”

Юриш ва фишору латукӯби бесабаб ва ҳам муносибати дағалонаву табъйизомези ходимони ҳифзи қонун ба хобгоҳҳову ҷойҳои кору маҳалли таҷаммӯи муҳоҷирони корӣ дар Русия, ки зери навори видеоӣ сурат мегирад, ба як одати доимии онҳо табдил шудааст. Яке аз чунин ҳодисаҳо 10-уми апрел дар як ҳаммоми шаҳри Маскав рух дод. Он рӯз полис ба ҳаммоме ҳуҷум кард, ки муштариёнаш асосан муҳоҷирон аз Қирғизистон буданд.

Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна муҳоҷирони Қирғизистонро бераҳмона латукӯб мекунанд. Мақомоти Бишкек ба Кремл нотаи эътирозӣ фиристода аз Маскав талаб кард, ки шарҳ бидиҳанд, бар асоси чӣ ва бо чӣ сабаб бо муштариёни ҳаммом чунин рафтор шудааст. Дар ҷавоб ВКД Русия навишт, ки ходимони пулис “кори ғайриқонуние” накардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG