Айни замон маълум нест, ҳамлаи Исроил ба мақсади ниҳоии худ расид, ё не? Мақсад баҳам задани барномаҳои атомии Эрон аст, ки ба қавли Исроил сохтани бомби атомӣ аст, иддаое, ки Теҳрон рад мекунад.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва дигар мақомоти исроилӣ иддао доранд, Эрон вақтҳои ахир ғанисозии уран ва корҳои вобаста ба аслиҳасозӣ аз онро ба ҳадде суръат бахшидааст, ки имкон медиҳад, дар чанд моҳ ва ё ҳатто рӯзҳои оянда бомби атомӣ бисозад.
Дар амалиёт, ки Исроил онро “Бархостани шер” унвон кардааст, ба зербунёдҳои асосии таъсисоти атомии Эрон, аз ҷумла таъсисоти ғанисозии уран дар Натанз ва пойгоҳҳои низомӣ дар Теҳрону атрофи он зарбаҳои сахте задаанд.
Ҳавопаймоҳои Исроил ҳамчунин ба корхонаҳои истеҳсоли мушак ва хонаҳои истиқоматие зарба задаанд, ки бовар меравад, онҷо фармондеҳони олирутба ва донишмандони атомии Эрон зиндагӣ мекарданд. Дар миёни кушташудагон, Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҳам будааст, агарчӣ Эрон ин хабарро тасдиқ накардааст.
Ҳадафи Исроил ба гуфтаи мақомоти расмӣ, заиф кардани тавоноии атомии Эрон ва ҳам қудрати он барои ҳамлаи ҷавобӣ бо истифода аз захираҳои бузурги мушакҳояш аст.
"Марҳилаи ҷанги атомии Исроилу Эрон?"
Эран Этзион, муовини собиқи дабири Шӯрои амнияти миллии Исроил дар шабакаи Х навиштааст: “Нетаняҳу марҳилаи наверо дар Ховари Миёна оғоз кард ва марҳилаи ҷанги атомии Исроилу Эрон. Ҷанге, ки мақсади он барномаи атомии Эрон хонда шудааст, вале мақсади аслӣ, ҳадаф гирифтани режими Эрон аз беху бунаш аст.”
Таҳлилгарони амниятӣ, амалиёти Исроилро як талоше барои пешгирӣ аз таҳдид ба мавҷудияти худ ҳамчун кишвар медонанд, ки ба ақидаи онҳо метавонад, ҷангеро дар минтақа барангезад, талошҳои дипломатиро аз байн барад ва баръакс азми Эронро барои сохти бомби атомӣ қавитар кунад.
Данни Ситриновиз, пажӯҳишгари Пажӯҳишгоҳи Таҳқиқоти Амнияти Миллӣ дар Тел Авив гуфт, ҳамла ба Эрон як зарбаи сахте ба обрӯи ин кишвар шуд, чун системаи дифои ҳавоии онро рахна кард ва фармондеҳи олирутбаашро аз байн бурд.
Аммо ба гуфтаи ӯ, таъсири ҳамлаҳо ба таъсисоти атомии Эрон “кам” будааст, аз ҷумла таъсисоти мустаҳками атомии Фордо беосеб мондааст. Данни Ситриновиз дар шабакаи Х навиштааст: “Ин марҳилаи аввалияи як маъракаи дароз аст. Исроил зоҳиран баъзе аз тадбирҳоро то замони шиддат гирифтани вазъ ба таъхир андохтааст.”
Эрон чӣ гузинаҳо дорад?
Даври шашуми музокироти атомӣ байни Эрону Амрико, ки қарор буд, рӯзи 15-уми июн сурат бигирад, баргузор намешавад. Азбаски роҳи ҳалли дипломатиро канор гузоштанд, ҳамлаи ҷавобии Эрон метавонанд, сабаби амиқтар шудани низоъ шавад.
Ҳамлаи ҷавобии Эрон дар рӯзи аввал партоби 100 паҳподи Шаҳид буд, ки ба қавли Исроил бисёре аз онҳо дар фазои кишвар нобуд карда шуданд. Раҳбарони Эрон дигарбора гуфтанд, ки ҳам аз Исроил ва ҳам аз нерӯҳои Амрико дар минтақа ниқор мегиранд. Агарчӣ Вашингтон гуфтааст, ки дар ҳамла ширкат надошт, вале Эрон Амрикоро ҳам гунаҳкор медонад.
Агар Эрон таҳдидҳояшро амалӣ ва ба пойгоҳҳои низомии Амрико ҳамла кунад, метавонад, ин кишварро ҳам ба ҷанг бикашад. Бар асоси тахмини хадамоти иттилоотии Амрико, Эрон бештар аз 2000 мушаке дорад, ки то 900 кило маводи тарканда мебаранд ва моҳона то 50 мушак истеҳсол мекунад. Маълум нест, дар ҳамлаҳои Исроил ин тавоноии Эрон то чӣ ҳад осеб дидааст.
Нерӯҳои дастнишондаи Эрон, ки дар минтақа пароканда буданд, сахт садама дидаанд. Яке аз онҳо Ҳамос аст, ки онро Амрико созмони террористӣ медонад ва дар ҷанг дар Навори Ғазза ба хок яксон шуд. Дуввумӣ Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки дар ҷанг бо Исроил заифу нотавон гаштааст. Фақат ҳусиҳои Яман мондаанд, ки яке аз шарикони пойдори низомии Эрон мондаанд.
Теҳрон ҳамчунин метавонад, аз Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ берун шавад, ки ҳадафи он назорат бар силоҳҳои атомӣ дар ҷаҳон аст. Баръакси хадамоти иттилоотии Исроил, Амрико бовар дорад, ки Эрон фаъолона дар пайи сохти бомби атомӣ нест, аз ин рӯ Эрон метавонад, ҳамлаи Исроилро далеле барои берун шудан аз аҳднома истифода барад.
Эран Этзион, муовини собиқи дабири Шӯрои амнияти миллии Исроил гуфтааст: “Ҳукумати Нетаняҳу акнун ба режими Эрон ҳам далели дохилӣ ва далели хориҷӣ дод, ки дар пайи сохти силоҳи атомӣ шавад.”
Гуфтугӯ