Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши кишварҳои ҷаҳон ба ҳамлаи Исроил ба Эрон


Ҳамлаи Исроил ба Эрон рузи 13 июн вокунишҳои мухталиферо дар саросари ҷаҳон эҷод кард.

Президети ИМА Доналд Трамп субҳи рӯзи 13 июн аз Эрон тақозо кард, ки барои созиш бар сари барномаи ҳастаиш розӣ шавад. Ӯ гуфт, ҳанӯз ҳам фурсат барои пешгирӣ аз низои бештар бо Исроил вуҷуд дорад. Трамп дар саҳифааш дар шабакаи Truth Social навишт, “то ҳол аллакай маргу харобкории зиёде рух додааст, вале ҳанӯз ҳам вақт ҳаст, ки пеши роҳи ин қатлҳо гирифта шавад, чунки ҳамлаҳои ояндаи аллакай ба нақша гирифташуда аз ин ҳам бераҳмонатар мешаванд”.

Исроил шаби панҷшанбе ба ҷумъа ба муассисаҳои ҳастаӣ, корхонаҳои истеҳсоли мушакҳои баллистикӣ ва ҳам фармондеҳони низоми Эрон зарбаҳои ҳавоӣ задааст ва мегӯяд, ҳадафаш пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаист. Дар ҷавоб Эрон ба Исроил бо қариб 100 паҳпод ҳамла кард ва таҳдид намуд, ки посух хоҳад дод. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, ҳамларо ҳамчун “эълони ҷанг” қабул кардаанд. Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, “Ҳамалоти Исроил ба манзалаи эъломи ҷанг алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён дар паёме ба мардуми кишвар гуфт, Эрон ба ин ҳамла посухи қонунӣ ва қавие хоҳад дод, ки Исроилро аз кардааш пушаймон мекунад.

Бисёр кишварҳои дигар аз таҳаввулот дар минтақа изҳори нигаронӣ карданд.

Урсула вон дер Лейен, президенти Комиссиюни Аврупо дар изҳороташ аз Брюссел гуфт, ҷонибҳо бояд билофосила аз паи ҳалли дипломатии низоъ бошанд. Ӯ, аз ҷумла, навишт: “Гузоришҳое, ки аз Ховари Миёна мерасанд, фавқулода нигаронкунандаанд. Аврупо аз ҳама ҷонибҳо даъват дорад, ки аз ҳадди аксар хештандорӣ кор бигиранд, аз тавсеаи низоъ билофосила даст кашанд ва аз интиқомҷӯӣ ҳам худдорӣ кунанд. Ҳалли дипломатии масъала ба хотири эътидол ва амнияти ҷаҳонӣ ҳоло аз ҳар вақти дигар муҳимтар аст”.

Дар Маскав вазорати корҳои хориҷии Русия ҳамлаи Исроилро “қотеона маҳкум карда” ин амали Исроилро хилоф бо Оинномаи СММ номид. Дар изҳороти ин ниҳод ҳамлаҳои низоми Исроил болои як кишвари мустақили узви СММ “бедалел” ва “ғайри қобили қабул” номида шудааст. Маскав гуфтааст, масоили вобаста ба барномаи атомии Эрон “роҳҳалли низомӣ надорад ва танҳо аз роҳи сулҳомез ва сиёсию дипломатӣ бояд ҳал шавад”.

Ҳамлаҳо ба Эрон ҳамсояҳои ин кишварро дар минтақа ҳам нигарон кардааст. ВКХ Озарбойҷон “амалҳои ҳарбии Исроилро дар қаламрави Эрон маҳкум карда, ҳарду ҷонибро ба ҳалли мусолиматомези баҳсҳо даъват намуд". Ниҳоди умури хориҷии Туркия зарбаҳои Исроилро нақзи ошкорои ҳуқуқи байнулмилал ва "иғвое бар пояи сиёсати нооромгарии Исроил дар минтақа" номид.

Ҳамлаи Исроил ба Эрон. Чанд фармондеҳи баландпоя кушта шудаaнд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Ереван ҳам аз ҳодисаҳои 13 июн чун “ҳамлаи якҷониба алайҳи Эрон” изҳори нигаронии амиқ баён карадаст. ВКХ Арманистон дар Х навишт, ҳамлае, ки дар остонаи давраи навбатии музокираҳо сурат гирифт, талошҳо барои сулҳро дар минтақа ва ҷаҳон таҳти хатар мегузорад.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақомоти Қирғизистон аз “тавсеаи таниш” байни Исроилу Эрон изҳори нигаронӣ карда, ҳарду ҷонибро ба хештандорӣ даъват намуданд.

Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон, ки дар ин охирҳо бо Эрон робитаҳои танготанги сиёсию фарҳангӣ барпо намудаанд, дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Қарор аст шӯрои мудирони идораи СММ оид ба барномаҳои ҳастаӣ рӯзи ҷумъа таҳаввулоти минтақаро дар ҷаласаи изтирорӣ ба баррасӣ гирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG