Мақомоти Тоҷикистон як ширкати эрониро барои чопи китоби "Шоҳнома" ҷалб кардаанд, аммо номи онро фош намекунанд.
Бар асоси амри раиси ҷумҳур, аз 25 май то 5-уми июн як ҳайате аз Тоҷикистон "ҷиҳати назорати иҷрои шартномаи дуҷониба бо ширкати эронӣ оид ба чопи китоби "Шоҳнома" ба Эрон рафтаанд. Аммо дар ин санад, ки Радиои Озодӣ 11-уми июн бо он шинос шуд, номи ширкати эронӣ ва ҳамчунин шароити созишнома зикр нашудааст.
Охири соли 2023 президент Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки китоби "Шоҳнома" нашр ва ба ҳамаи хонаводаҳои Тоҷикистон тақдим мешавад. Қарор аст шоҳасари Абулқосим Фирдавсӣ бо ҳазорон нусха аз ҳисоби буҷаи кишвар чоп шавад.
Иброҳим Аҳмад, сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг аввали моҳи июни имсол ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, чопи китоби "Шоҳнома" дар нашриёти "Шарқи Озод" шуруъ шуда, "то соли 2026 ба аҳолии Тоҷикистон тақдим мегардад".