Таҳқиқи тиббӣ: Истеъмоли пайвастаи нахӯди зард ба саломатӣ фоидаовар аст

Нахӯдшӯрак. Акс аз як бозори Узбекистон.

Як таҳқиқи тиббии донишмандони амрикоӣ маълум кардааст, ки истеъмоли пайвастаи нахӯди зард ва лӯбиёи сиёҳ барои ҷиддан кам кардани холестероли бад ва илтиҳоб дар бадани инсон кӯмак мекардааст.

Натиҷаҳои ин таҳқиқот ахиран дар ҳамоиши солонаи Ҷамъияти амрикоӣ оид ба таҳқиқи ғизо (American Society for Nutrition) дар Орландо муаррифӣ шудааст, ки ҳафтаи гузашта барпо шуд.

Донишмандон давоми 12 ҳафта ба бемороне, ки саломатиашонро дар ҳолати наздик ба диабети қанд ташхис кардаанд, нахӯду лӯбиёи сиёҳ додаанд. Дар натиҷа, маълум шудааст, ки “дар муқоиса бо истеъмоли биринҷи сафед, хӯрдани лӯбиёи сиёҳ сатҳи илтиҳоби бадан ва нахӯди зард – холестероли бадро дар хун ҷиддан кам мекардааст”.

Муҳаққиқон гуфтаанд, ки азбаски истеъмоли ин ду маҳсулот барои ҳама дастрас, арзон ва фоидаовар аст, омӯзиши бештари ин мавзӯъро пураҳамият мекунад. Таҳқиқи донишмандони амрикоӣ давоми 6 то 12 ҳафта бо иштироки 72 ихтиёрӣ анҷом шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Таҳқиқ: Нисфе аз сокинони Узбекистон вазни барзиёд доштаандДиабети қанди атфоли тоҷик ба ирсият ва ғизои носолим рабт мегирадЧӯҷаҳои шутурмурғи африқоӣ дар Тоҷикистон (ВИДЕО)