Як мақоми Тоҷикистон гуфт, баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои муҳоҷирати Русия, кор дар бозори ин кишвар бисёр муҳоҷиронро дилсард мекунад. Шариф Норзода, муовини вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 10 июн дар як сӯҳбаташ бо хабаргузории русии ТАСС гуфт, “аз як сӯ, ҷараёни ба танзим даровардани қонунҳои Русия барои қонунӣ кардани муҳоҷирон ва таҳти ҳимоят гирифтани ҳуқуқи онҳо мусоидат мекунад, вале айни замон, талаботро сахттар карда бори молию маъмурии онҳоро сангинтар мекунад.
Ин чиз ҷаззобияти Русияро дар чашми муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, бахусус мутахассисони сатҳи поини касбӣ коҳиш медиҳад”, гуфт Норзода. Ӯ афзуд, ки агар роҳҳои сабуки гирифани патенту иҷозаи кор роҳро барои кору будубоши қонунӣ ва ҳам дастрасӣ ба ёрии тиббӣ осон гардонад, қарорҳои ахир паёмадҳои манфӣ ҳам дошта метавонанд.
Ба гуфтаи ӯ, “ташдиди қоидаҳо хароҷоти муҳоҷиратро боло мебарад: имтиҳони ҳатмии забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузорӣ, таҳияи бими тиббӣ ва пардохти патент ҷараёни вуруд ва ба кор қабул шудани муҳоҷиронро бисёр гарон мекунад”.
Вазорати меҳнат гуфтааст, ки дар ним соли 2024 наздик ба 400 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 - 15 дар сад камтар будааст.
Тибқи оморҳои гуногун дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки танҳо соли 2024 беш аз сӣ ҳазор муҳоҷирон аз Русия ихроҷ шудаанд.