Марди тоҷике дар Русия барои иҷозаи табдили ҷинсаш ба додгоҳ муроҷиат кард

Як зодаи Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Смолнинскии Петербурги Русия ариза додааст, ки ҷинси ӯро дар сандаҳояш аз мард ба зан табдил диҳанд.

Додгоҳ рӯзи 9-уми июн дар саҳифааш дар Телеграм хабар дод, ки ин мард бо номи Амал ҳанӯз соли 2022 аз ташхиси равоншиносӣ гузашта, барояш хулоса додаанд, ки ӯ ҷисман мард, вале рӯҳан зан аст. Насаби ин шахс нашр намешавад.

Ба гуфтаи додгоҳ, моҳи феврали соли 2023 Амал ба ЗАГС ё Дафтари сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Русия муроҷиат кардааст, то ҷинсашро дар санадҳояш тағйир диҳанд. Ӯ аз додгоҳ хостааст, то бар асоси ташхисҳое, ки дар даст дорад, ҷинсашро мушаххас карда, ба идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ амр диҳанд, ки ӯро ҳамчун зан эътироф кунад.

Додгоҳ танҳо аз ин мард Амал ном бурдааст ва ҳеч мушаххасоти дигаре аз ӯ надодааст.

Даря Лебедева, сухангӯи додгоҳи ноҳияи Смолнинскии гуфтааст, ки ин мард аз соли 2022 талош дорад, ки худро ҳамчун зан сабти ном кунад. Ӯ бар асоси санадҳо мӯътақид будааст, ки ҷисман мард, вале рӯҳан зан аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар Русия ва Тоҷикистон бо афроде, ки талоши табдили ҷинсашонро доранд ваё худро узви ҷомеаи ҳамҷинсгароҳо медонанд, бархурди хашин доранд ва аз ин хотир, ҳаёти онҳо бо хатар ва таҳдидҳо рӯбарӯ аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Порлумони Гурҷистон тарҳи қонун алайҳи ҳамҷинсгароиро қабул кардРусия як зодаи Тоҷикистонро ба гумони таблиғи ҳамҷинсгароӣ ихроҷ кардТаъйини аз 10 то 15 сол зиндон барои ҳамҷинсгароӣ дар ИроқРӯзгори муҳоҷир-Саргузашти муҳоҷире, ки ҷинсашро дигар кард. ВИДЕО