Ӯ дар навиштае аз рӯзи 11-уми июн дар саҳифааш дар шабакаи X гуфтааст, ки пушаймон аст ва дар бархе навиштаҳояш “аз ҳад гузарондааст”.
Ҷанҷоли лафзии Маск ва Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ пас аз он оғоз шуд, ки миллиардер аз мақоми раҳбариаш дар идораи муассирияти кори ҳукумат (DOGE) истеъфо дод. Маск тарҳи қонун дар бораи буҷа, ки он тамдиди имтиёз ба андозсупорандагон ва афзоиши қарзи ИМА-ро пешбинӣ мекунад, сахт танқид кард. Трамп ин тарҳро “қонуни бузурги ҷаззоб” номида буд.
Рӯзи 5-уми июн Маск Трампро дар шабакаи X ва Трамп ӯро дар шабакаи Truth Social танқид карданд. Трамп дар навиштае гуфт, ки Маск девона шудааст ва маблағгузории давлатӣ ба бархе тарҳҳои ӯро қатъ мекунад. Маск пешниҳод кард, ки Трамп импичмент, яъне аз вазифаи президентӣ барканор шавад.
Илон Маск, яке аз пуштибонҳои аслии Доналд Трамп дар маъракаи интихоботи президентӣ буд.
Маълум нест, ки то куҷо узрхоҳии Илон Маск ҷанҷол миёни ду чеҳраи таъсиргузор дар Амрикоро камтар мекунад.