Дар шаҳри Париж ҳафтаи ҷорӣ ҷашнвораи бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ баргузор мешавад ва дар кори он ҳунармандону донишмандон аз Тоҷикистон ҳам иштирок мекунанд.
Рӯзи 11-уми июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи ҳунарҳои рассомону наққошони тоҷик ифтитоҳ мешавад. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри хабару аксҳо дар шабакаи Фейсбук аз ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинӣ хабар додааст. Қарор аст дар доираи ҷашнвораи Ҳофиз барномаи ҳунарии “Шоми шашмақом” бо иштироки ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов ва дастаи рақсии “Гулрез” барпо шавад. Ҳунармандоне, мисли Ситораи Кароматулло, Шоҳрух Юнусов ва Фирдавс Ҳошимов бо оркестри мусиқии Парижи Шарқӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.