Дар чанд ҷумла
Беш аз 20 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи муҳоҷирон барои саркашӣ аз хидмат

Кумитаи тафтишотӣ дар Маскав барои саркашӣ аз хидмат дар артиш алайҳи зодаҳои Осиёи Марказӣ 22 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ин муҳоҷирон ҳама соҳиби шаҳрвандии Русия будаанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишотӣ ҳамчунин 80 муҳоҷири дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои хидмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия сафарбар шудаанд.
Зоҳиран ин натиҷаи амалиёт ё рейдҳои муштараки мақомоти қудратии Русия алайҳи муҳоҷирони дорои шаҳрвандӣ аст. Чунин амалиёт чандин ҳафта боз дар тамоми гушаву канори Русия идома дорад ва муҳоҷирони зиёд аз боздошту фишорҳо дар пайи чунин рейдҳо шикоят мекунанд.
Кумитаи тафтишотӣ хабар додааст, ки муфаттишони ин ниҳод ҳамроҳ бо кормандони Комиссариатҳои ҳарбӣ, парвандаҳои тамоми даъватшавандаҳоро санҷида, исми афродеро ошкор хоҳанд кард, ки аз хидмат дар артиш фирор мекунанд. Ба онҳо супориш шудааст, ки макони зисти чунин даъватшавандаҳоро муайян ва қонунӣ будани тартиби гирифтани шиносномаи русии онҳо санҷида шавад.
Чанд рӯз қабл, Кумитаи тафтишотии Русия, аз оғози 12 парвандаи ҷиноятӣ барои фирор аз хидмати ҳарбӣ хабар дода буд. Ба иттилои ин ниҳод онҳо ҳама шаҳрванди Осиёи Марказӣ буда, шаҳрвандии Русияро доштанд ва моҳи октябр бо вуҷуди гирифтани даъватнома ба комисариати ҳарбӣ ҳозир нашуданд.
Ҳамин тавр бино ба хабари шабакаи Телеграмии Kras Mas, дар фурудгоҳи Норил 40 муҳоҷир боздошт шудаанд. Муҳоҷиронро кормандони ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар пайи як рейд барои фаъолияти ғайрирасмӣ ва нақзи қоидаи ҳарбӣ дастгир карда бурдаанд.
Кумитаи тафтишотӣ ҳушдор додааст, ки тибқи қонун шаҳрвандии шахсе, ки шиносномаи русӣ гирифта, аммо аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативии низомӣ фирор кардааст, бекор хоҳад шуд.
Дар зимн ҳафтае пеш, раиси Кумитаи тафтишотии Русия, пешниҳод кард, ки дар сурати сарпечӣ аз иштирок дар ҷанги Украина хориҷиёнро аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум намоянд.
Александр Бастрикин дар як нишасти низомиён гуфт: “ҳоло амалиёти махсуси низомӣ” (Русия ҷангро дар Украина чунин меномад) идома дорад ва муҳоҷироне, ки соҳиби шиносномаи русӣ ҳастанд, бояд ба он ҷалб гарданд. "Агар ту ҳамчун шаҳрванди Русия омода нестӣ, ки қарзи низомии худро адо намоӣ, бояд дар мавриди бекор кардани шаҳрвандии чунин одам тасмим гирифта шавад"
То охири соли равон шаҳрвандони аз 18 то 27 солаи Русияро ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват мекунанд. Сар аз 1 уми январи соли 2024 синни даъвати ҷавонон боло бурда мешавад ва афроди то 30 соларо ба артиш ҷалб мекунанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Таҳқиқот: ФСБ метавонад корбарони Телеграмро назорат кунад

Пойгоҳи "Важные истории" дар таҳқиқоте навиштааст, баъзе коршарикони паёмрасони Телеграм ҳамзамон барои маҷмааҳои хадамоти махсуси Русия хизмат мерасонанд ва ин вазъ амнияти маълумоти корбаронро ба хатар мегузорад. Теъдоди истифодабарандагони Телеграм ахиран аз 1 миллиард гузашт.
Ба гузориши "Важные истории", ширкати Global Network Management (GNM)-ро, ки масъули хизматрасонӣ ба паёмрасони Телеграм аст, Владимир Веденеев роҳбарӣ мекунад.
Пойгоҳ менависад, Веднеев пештар ба ширкатҳои русии "Глобалнет" и "Электронтелеком" робита дошт, ки дархостҳои хадамоти махсуси Русияро иҷро мекарданд. Худи Веденеев аз шарҳи масъала худдорӣ кардааст. Бунёдгузори Телеграм Павел Дуров низ ба таҳқиқот вокуниш накардааст.
"Яке аз сабабҳои асосие, ки миллионҳо нафар сирри худро ба Телеграм бовар мекунанд, тасвири бунёдгузори он Павел Дуров аст, ки барои махфияти маълумоти корбарон мубориза мебарад ва барои ҳамин аз сӯи мақомоти Русия таъқиб мешавад. Аммо воқеият то ҳадде дигар аст,"-менависад Пойгоҳи "Важные истории".
Нашрия бо истинод ба коршиносон навиштааст, протоколи Телеграм ба хадамоти махсуси Русия имкон медиҳад, дастгоҳҳоеро шиносоӣ кунанд, ки бо он корбарон вориди паёмрасон мешаванд.
Павел Дуров аз соли 2014 дар хориҷ аз Русия ба сар мебарад, аммо ба навиштаи "Важные истории" баъди он низ борҳо ба Русия рафтааст. Дуровро моҳи августи соли 2024 дар Фаронса боздошт ва баъдан бо гарав озод карданд.
Павел Дуров ба тақаллуб, ҷиноятҳои сайберӣ (кибернетикӣ), озори лафзӣ дар фазои маҷозӣ, ҷинояткории муташаккилона, пулшӯӣ, ворид кардани як дастгоҳи рамзнигорӣ ва тарғиби терроризму саркашӣ аз пешниҳоди маълумоту санадҳо ба ниҳодҳои ваколатдор муттаҳам мешавад.
Марди тоҷике дар Русия барои иҷозаи табдили ҷинсаш ба додгоҳ муроҷиат кард

Як зодаи Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Смолнинскии Петербурги Русия ариза додааст, ки ҷинси ӯро дар сандаҳояш аз мард ба зан табдил диҳанд.
Додгоҳ рӯзи 9-уми июн дар саҳифааш дар Телеграм хабар дод, ки ин мард бо номи Амал ҳанӯз соли 2022 аз ташхиси равоншиносӣ гузашта, барояш хулоса додаанд, ки ӯ ҷисман мард, вале рӯҳан зан аст. Насаби ин шахс нашр намешавад.
Ба гуфтаи додгоҳ, моҳи феврали соли 2023 Амал ба ЗАГС ё Дафтари сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Русия муроҷиат кардааст, то ҷинсашро дар санадҳояш тағйир диҳанд. Ӯ аз додгоҳ хостааст, то бар асоси ташхисҳое, ки дар даст дорад, ҷинсашро мушаххас карда, ба идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ амр диҳанд, ки ӯро ҳамчун зан эътироф кунад.
Додгоҳ танҳо аз ин мард Амал ном бурдааст ва ҳеч мушаххасоти дигаре аз ӯ надодааст.
Даря Лебедева, сухангӯи додгоҳи ноҳияи Смолнинскии гуфтааст, ки ин мард аз соли 2022 талош дорад, ки худро ҳамчун зан сабти ном кунад. Ӯ бар асоси санадҳо мӯътақид будааст, ки ҷисман мард, вале рӯҳан зан аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар Русия ва Тоҷикистон бо афроде, ки талоши табдили ҷинсашонро доранд ваё худро узви ҷомеаи ҳамҷинсгароҳо медонанд, бархурди хашин доранд ва аз ин хотир, ҳаёти онҳо бо хатар ва таҳдидҳо рӯбарӯ аст.
Дар ҳамлаи мусаллаҳона ба мактабе дар Австрия чандин кас кушта шуд

Дар шаҳри Гратси Австрия дар паи тирандозӣ дар мактаби синфҳои болоӣ чандин кас кушта ва захмӣ шудаанд. Рейтарс ва Ассошиэйтед пресс рӯзи 10 июн бо такя ба матбуоти маҳаллӣ хабар доданд, ки ҳамлагаре бо силоҳи оташфишон дар мактаби маҳаллӣ тирандозӣ кад.
Полиси маҳаллӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса чандин кас кушта ва захмӣ шудааст, вале феълан омори дақиқе нашр накардааст. Матбуоти маҳаллӣ дар бораи кушта шудан то 9 нафар хабар додааст.
Дар миёни маҷрӯҳшудаҳо шогирдон ва омӯзгорони мактаб ҳастанд. Полис гуфтааст, ки дар кӯчае, ки мактаб ҷойгир аст, амалиёт идома дорад. Ходимони полис дохили мактабро холӣ мекунанд.
Маълум нест, ки оё ҳамлагар ҳам дар байни кушташудаҳо ҳастанд ё на. Нашрияи Kronen Zeitung гузориш дод, ки ҷасади ҳамлагари эҳтимолӣ дар дохили утоқи дастшӯии мактаб пайдо шуд, вале Рейтерс мегӯяд, феълан тасдиқи дурустии ин хабар имкон надорад.
Маълум нест, ҳамлагар кӣ асту чаро даст ба чунин кор задааст.
Гратс дуюмин шаҳси калонтарини Австрия мебошад.
Муовини вазир гуфт, қонунҳои нав муҳоҷирони тоҷикро аз сафар ба Русия дилсард мекунад

Як мақоми Тоҷикистон гуфт, баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои муҳоҷирати Русия, кор дар бозори ин кишвар бисёр муҳоҷиронро дилсард мекунад. Шариф Норзода, муовини вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 10 июн дар як сӯҳбаташ бо хабаргузории русии ТАСС гуфт, “аз як сӯ, ҷараёни ба танзим даровардани қонунҳои Русия барои қонунӣ кардани муҳоҷирон ва таҳти ҳимоят гирифтани ҳуқуқи онҳо мусоидат мекунад, вале айни замон, талаботро сахттар карда бори молию маъмурии онҳоро сангинтар мекунад.
Ин чиз ҷаззобияти Русияро дар чашми муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, бахусус мутахассисони сатҳи поини касбӣ коҳиш медиҳад”, гуфт Норзода. Ӯ афзуд, ки агар роҳҳои сабуки гирифани патенту иҷозаи кор роҳро барои кору будубоши қонунӣ ва ҳам дастрасӣ ба ёрии тиббӣ осон гардонад, қарорҳои ахир паёмадҳои манфӣ ҳам дошта метавонанд.
Ба гуфтаи ӯ, “ташдиди қоидаҳо хароҷоти муҳоҷиратро боло мебарад: имтиҳони ҳатмии забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузорӣ, таҳияи бими тиббӣ ва пардохти патент ҷараёни вуруд ва ба кор қабул шудани муҳоҷиронро бисёр гарон мекунад”.
Вазорати меҳнат гуфтааст, ки дар ним соли 2024 наздик ба 400 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 - 15 дар сад камтар будааст.
Тибқи оморҳои гуногун дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки танҳо соли 2024 беш аз сӣ ҳазор муҳоҷирон аз Русия ихроҷ шудаанд.
Дар пасманзари эътирозҳо ба Лос-Анҷелес воҳидҳои нирӯҳои дарёиро сафарбар намуданд

Рӯзи душанбе ба шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико, ки дар он зидди ҳабси оммавии муҳоҷирони ғайриқонунӣ намоишҳои эътирозӣ ҷараён доранд, 700 узви нирӯҳои дарёиро барои ҳимояти идораҳои ҳукуматӣ ва кормандони федеролӣ сафарбар карданд.
Эътирозҳо рӯзи ҷумъа, 6 июн дар як ноҳияи Лос-Анҷелес шурӯъ шуданд, ин ҷо муҳоҷирони хориҷӣ қисми асосии аҳолии онро ташкил медиҳанд. Радио Свобода бо такя ба намояндагони расмии Кохи Сафед рӯзи 10 июн навишт, ки қарори ворид кардани нирӯҳо ба дуюмин шаҳри калонтарини ИМА дар пасманзари таҳдид ба кормандони федеролӣ ва идораҳои ҳукуматӣ қабул шудааст.
Президентони ИМА дар ҳолатҳои хеле кам барои ба тартиб даровардани вазъ дар дохили кишвар аз нирӯ истифода мекунанд. Бори охир соли 1992 дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ да Лос-Анҷелес, ки боис ба марги даҳҳо нафар шуд, бо амри президент Ҷорҷ Буши калонӣ нирӯҳои дарёиро ворид карда буданд.
Он замон волии Калифорния ба кӯмаки федеролӣ дархост фиристода буд. Ҳоло волии Калифорния Гевин Нюсом ва шаҳрдори Лос-Анҷелес Карен Басс мегӯянд, ҳеҷ зарурате барои ворид кардани нирӯҳои миллӣ набуд ва полиси маҳаллӣ тавони таъмини тартиботро дошт ва чунин кори мақомоти марказӣ боиси хашми бештар дар шаҳр мешавад.
Рӯзи душанбе мақомоти Калифорния ба додгоҳ муроҷиат карда амалҳои президенти ИМА-ро дар бораи ирсоли нирӯҳо ғайриқонунӣ номиданд. Дар ҷавоб шоми душанбе Пентагон эълон кард, ки ба Лос-Анҷелес боз 2 ҳазор сарбози иловагии горди миллиро сафабар мекунад. Низомиён ҳоло бо таъмини амнияти идораҳои давлатӣ машғул буда, бо эътирозгарон мустақиман тамос намегиранд.
Волии Калифорния аз президент Доналд Трамп хост, ки истиқрори нирӯҳоро бекор кунад, чун, ба гуфтаи ӯ, ин амр ғайриқонунӣ аст. Трамп гуфт, ки “бидуни горди миллӣ, Лос-Анҷелесро нобуд мекарданд”.
Таҳқиқи тиббӣ: Истеъмоли пайвастаи нахӯди зард ба саломатӣ фоидаовар аст

Як таҳқиқи тиббии донишмандони амрикоӣ маълум кардааст, ки истеъмоли пайвастаи нахӯди зард ва лӯбиёи сиёҳ барои ҷиддан кам кардани холестероли бад ва илтиҳоб дар бадани инсон кӯмак мекардааст.
Натиҷаҳои ин таҳқиқот ахиран дар ҳамоиши солонаи Ҷамъияти амрикоӣ оид ба таҳқиқи ғизо (American Society for Nutrition) дар Орландо муаррифӣ шудааст, ки ҳафтаи гузашта барпо шуд.
Донишмандон давоми 12 ҳафта ба бемороне, ки саломатиашонро дар ҳолати наздик ба диабети қанд ташхис кардаанд, нахӯду лӯбиёи сиёҳ додаанд. Дар натиҷа, маълум шудааст, ки “дар муқоиса бо истеъмоли биринҷи сафед, хӯрдани лӯбиёи сиёҳ сатҳи илтиҳоби бадан ва нахӯди зард – холестероли бадро дар хун ҷиддан кам мекардааст”.
Муҳаққиқон гуфтаанд, ки азбаски истеъмоли ин ду маҳсулот барои ҳама дастрас, арзон ва фоидаовар аст, омӯзиши бештари ин мавзӯъро пураҳамият мекунад. Таҳқиқи донишмандони амрикоӣ давоми 6 то 12 ҳафта бо иштироки 72 ихтиёрӣ анҷом шудааст.
Вуруди шаҳрвандони 12 кишвар ба Амрико манъ шуд

Шуруъ аз 9-уми июн фармони президент Доналд Трамп дар бораи манъи вуруди шаҳрвандони 12 кишвар ба Амрико ба иҷро даромад. Бар асоси ин фармон, шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Мянмар, Чад, Конго, Гвинея, Еритерия, Ҳаитӣ, Либия, Сомали, Судон ва Яман наметавонанд ба Амрико сафар кунанд.
Илова бар ин, маҳдудиятҳои бештаре низ барои мусофирон аз кишварҳои Бурунди, Куба, Лаос, Серра-Леоне, Того, Туркманистон ва Венесуэла ҷорӣ шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти Амрико, раводиде, ки ба шаҳрвандони ин кишварҳо пештар дода шуда буд, эътибори худро нигоҳ медоранд ва дорандагони онҳо метавонанд ба ИМА ворид шаванд. Аммо дархости нави шаҳрвандони ин кишвар аз ин ба баъд ба истиснои ҳолатҳои муайян рад мешудааст.
Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, рӯзи 9-уми июн дар фурудгоҳҳои калонтарини Амрико тағйироти ҷиддие ба назар намерасид.
Доналд Трамп моҳи январ ба мақомоти кишвараш дастур дода буд, то дар бораи "нигоҳи душманона" нисбат ба Амрико, як гузориш таҳия шавад.
Дар ин фармон хоста шуда буд, ки баррасӣ шавад, оё вуруд аз бархе кишварҳо таҳдиде барои амнияти миллӣ ба шумор меравад ё не.
Низомиёни Исроил як киштиро дар роҳ ба Ғазза боздоштанд

Неруҳои Исроил киштииро бо Грета Тунберг дар роҳ ба Навори Ғазза боздоштаанд.
Неруҳои Исроил киштии "Madeleen"-ро, ки ба гуфтаи соҳибонаш ба Навори Ғазза кӯмаки башардӯстона мебурд, асир гирифтаанд.
Неруҳои баҳрии Исроил аввал ба киштӣ наздик шуда, бо баландгӯяк даъват карданд, ки киштӣ самташро тағйир диҳад. Вақте ин дархост иҷро нашуд, низомиёни Исроил ба киштӣ савор шуданд. Фаъолоне, ки дар киштӣ буданд, аз ҷумла вакили порлумони Аврупо аз Фаронса Рима Хассан мегӯянд, киштӣ дар обҳои байнулмилалӣ манъ карда шудааст.
Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Исроил омадааст, киштиро ба бандари Ашдод фиристоданд. Ба гуфтаи манбаъ, 12 мусофири киштӣ ба кишварҳояшон ихроҷ мешаванд.
Дар миёни мусофирон Грет Тунберг, фаъоли зистмуҳитӣ аз Шветсия ҳаст, ки вақтҳои ахир Исроилро танқид карда, амалкарди ин кишварро дар Ғазза “наслкушӣ” меномад.
Вазорати корҳои хориҷии Исроил киштии ҳомили Тунбергро “заврақи тафреҳӣ барои аксбардорӣ бо шахсони машҳур” номида, гуфтанд, ёриҳои башардӯстона бештар аз оне вориди Ғазза мешавад, ки фаъолон мебурданд.
Фаъоли ҷамъиятӣ Грет Тунберг дар наворе аз ҳукумати Шветсия даъват кардааст, ки барои озодии мусофирони киштӣ талош кунанд. Вазорати корҳои хориҷии Исроил бо пахши аксе гуфтааст, вазъи мусофирони киштӣ хуб аст.
Гуруҳи “Ҳамос”, ки дар Аврупо ва Амрико ваҳшатафкан шинохта шудаст, боздошти киштӣ аз сӯи низомиёни Исроилро “терроризми давлатӣ” номид. Исроил Катс, вазири мудофиаи Исроил гуфт, бо расидани киштӣ ба бандари Ашдод, ба мусофирон кадрҳои ҳамлаи неруҳои “Ҳамос”-ро нишон медиҳанд.
Киштии «Madleen», 1-уми июн аз Италия равонаи Ғазза шуд. Ҳадафи ин заврақ ба гуфтаи соҳибонаш, шикастани муҳосираи Ғазза ва расондани ёриии башардӯстона буд. Нерӯҳои Исроил мегӯяд, Навори Ғаззаро бо ҳадафи нарасидани силоҳ ба гуруҳи “Ҳамос” дар муҳосира гирифтаанд. Мардуми Ғазза аз камбуди ғизо ва ёрии тиббӣ азият мекашад.
Русия се тоҷикистониро бо иттиҳоми маблағгузории терроризм зиндонӣ кард

Як додгоҳи ҳарбӣ дар Русия се шаҳрванди Тоҷикистонро дар маблағгузории фаъолияти террористӣ гунаҳгор донистааст.
Дафтари матбуоти додгоҳи дуюми ҳавзавии ҳарбӣ дар шаҳри Чита рӯзи 9-уми июн хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон Қиёмиддин Исмонов, Шамсуллоҳ Давлатбеков ва Султонхӯҷа Каримов “барои кӯмакрасонӣ ба созмони дар Русия мамнӯи байналмилалӣ ёрӣ расонидаанд”. Маълум нест манзур кадом созмон аст.
Дар хабари додгоҳ мавқеи маҳкумшудаҳо ба ин иттиҳом нашр намешавад.
Дар хабарнома омадааст, ки ин нафарон тарафдори ақидҳои ифротии исломӣ буда пайваста маблағ ҷамъоварӣ ва ба кортҳои бонкии аъзои созмони террористӣ интиқол медоданд. “Каримов дар мукотиба бо нафаре, ки номаш маълум нашуд, дар бораи махфигоҳе бо маводи тарканда маълумот дарёфт намуд ва баъдан онро берун оварда дар хонааш нигаҳ медошт”,-навиштааст додгоҳ. Бо қарори додгоҳ, Исмонов ва Давлатбеков ба 8-солӣ зиндон ва Каримов ба 9 соли ҳабсу 300 ҳазор рубл ҷарима маҳкум гардид.
Ҷузъиёти дигари вобаста ба парванда маълум нест, аз ҷумла ин ки маҳкумшудаҳо кӣ ҳастанд, то куҷо воқеан ҳам иттиҳоми зидди онҳо асос дорад, то куҷо мурофиа одилона ва бо риояи ҳуқуқи маҳкумшудаҳо гузаштааст. Шубҳа ба адолати додгоҳӣ дар Русия ба вижа дар нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз қишри ҳимоятнашуда ва осебпазир дар баробари низоми муҳоҷирбадбини ин кишвар дониста мешаванд, солҳои охир хеле зиёд садо медиҳад.
Фоҷиа дар Рӯзи иди Қурбон. 3 кӯдак дар сӯхтор ҳалок шуданд

Дар пайи сӯхтани манзил дар шаҳри Ваҳдат, 3 кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса 6-уми июн дар деҳаи Ҷангалобод рух додааст. Дар ин рӯз сокинони Тоҷикистон иди Қурбонро ҷашн мегирифтанд.
Як масъули идораи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор дар пайи оташ гирифтани сими нерӯдиҳандаи телефон сар задааст.
"Нерӯдиҳандаи телефон ба барқ пайваст будааст ва оташ мегирад. Баъдан оташ ба курпача мепечад. Кӯдакон аз дуди курпача нафасгир шуда, ба ҳалокат расидаанд,"-афзуд ин масъули идораи ҳолатҳои фавқулода.
Ду сокини деҳаи Ҷангалобод дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, сабаби сӯхтор на нерӯдиҳандаи телефон, балки истифодаи нодурусти шамъ буд. Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо, як рӯз пеш аз ҳодиса дар деҳа барқ набуд ва волидайни се кӯдаки фавтида дар хона шамъ рӯшан карда буданд.
"Гуфтанд, ки трансфарматор вайрон аст. Ин фоҷиа ба сабаби фориғболии мақомдорони маҳаллӣ рух дод. Ба мушкилоти мардум сари вақт расидагӣ намекунанд,"-гуфт як сокини Ҷангалобод ба Радиои Озодӣ.
Корбарони Радиои Озодӣ бо ирсоли навор аз ҷойи ҳодиса гуфтанд, кӯдакони фавтида 5, 8 ва 10 сола буданд. Муаллифи навор мегӯяд, ду хона пурра сӯхтаанд. Маълум нест, ки дар вақти сӯхтор волидайни кӯдакони фавтида куҷо буданд.
Ҷузъиёти бештари ҳодиса дастрас нест. Мақомот гуфтанд, идораи сӯхторнишонӣ воқеаро таҳқиқ дорад.
Ин бори аввал нест, ки наврасон дар сӯхтор ҷон медиҳанд. Моҳи марти соли 2024 дар пайи оташ гирифтани як хона дар Душанбе, се кӯдак ба ҳалокат расида буд.
Ширкати 1,5 миллион нафар дар маросими ҳаҷ

Мақомоти Арабистони Саудӣ эълон карданд, ки имсол 1,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ ва 166 ҳазор сокини маҳаллӣ ҳаҷҷи фарзиро адо кардаанд. Имсол аз Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор кас ба зиёрати Маккаву Мадина рафта буданд.
Бо назардошти фавти зойирони зиёд дар солҳои пеш, Арабистони Саудӣ имсол тадобири амниятиро сахтар кардааст, то аз маргумири зиёд дар маъракаи ҳаҷ пешгирӣ шавад.
Соли 2024 ба сабаби гармои сахт ва ҳарорати 51 дараҷаӣ бештар аз 1300 зойир дар Арабистони Саудӣ ҷон доданд. Мақомот гуфтанд, ки барои такрор нашудани ин ҳолат тадобири амниятиро тақвият бахшидаанд, аз ҷумла зиёрати ҳаҷ барои кӯдакони то 12-соларо манъ карда шуд.
Ҳаҷ яке аз панҷ фаризаи дини Ислом аст, вале на ҳамаи мусулмонон имкони молии анҷоми онро доранд.
Дар Тоҷикистон даҳҳо тонна маҳсулоти бесифат ошкор шудааст

Оҷонсии "Тоҷикстандарт", ки роҳбараш бародарзодаи президент Эмомалӣ Раҳмон аст, аз ошкор шудани 191 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар чор моҳи аввали имсол аз ҳама бештар маҳсулоти гӯштӣ, равғани растанӣ, нӯшоба ва ҳатто намаки бесифатро маълум кардаанд.
Аммо Оҷонсӣ нагуфтааст, ки кадом гуруҳи тоҷирон ин маҳсулоти бесифатро ба Тоҷикистон овардаанд ё ба савдо гузоштаанд.
Оҷонсии "Тоҷикстандарт"-ро аз моҳи майи имсол Исломиддин Раҳмони 41-сола, бародарзодаи президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Ӯ пештар роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Данғара буд.
Бо вуҷуди фаъолияти ниҳодҳое ба мисли Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва "Тоҷикстандарт", ки ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии маҳсулоти пастсифат масъул ҳастанд, танқидҳо аз вуҷуди маҳсулоти ғайристандартӣ ва зараровар дар бозорҳои кишвар пайваста садо медиҳанд.
Украина вуруди низомиёни русро ба Днепропетровск рад кард

Фармондеҳии артиши Украина изҳороти Вазорати дифои Русия дар бораи ҳамла ба вилояти Днепропетровскро рад кард.
Андрей Ковалев, намояндаи маркази фармондеҳии артиши Украина ба рӯзномаи "Украинская правда" гуфтааст, "ин маълумот воқеият надорад. Ҷанг дар вилояти Донетск идома дорад. Душман ба вилояти Днепропетровск ворид нашудааст."
Мақомоти Украина мегӯянд, артиши Русия аз қасдаш барои ворид шудан ба вилояти Днепропетровск даст накашидааст, аммо артиши Украина далерона ҷангида, "нақшаҳои ишғолгаронро барбод медиҳад".
Пештар Вазорати дифои Русия иддао кард, ки неруҳои ин кишвар ба қисмати ғарбии вилояти Донетск расида ва ҳуҷуми худро ба вилояти Днепропетровск давом медиҳанд.
Рӯзи 20-уми май телеграм-каналҳои наздик ба артиши Русия хабар паҳн карданд, ки неруҳои русӣ ба марзи вилояти Днепропетровск расидаанд. Онҳо акси се низомии русро нашр карданд, ки дар марзи вилоятҳои Донетск ва Днепропетровск бо парчами Русия аксбардорӣ шудаанд.
Аммо волии вилояти Днепропетровск ин хабарро "фейк" номид.
Ҳамлаи паҳподҳо ба корхонаи кимиёии "Азот" дар Русия

Шаби 7 ба 8-уми июн паҳпод ё бесарнишинҳо ба корхонаи кимиёии "Азот" дар вилояти Тулаи Русия ҳамла кардаанд. Дар ин бора телеграм-каналҳои русӣ хабар додаанд.
Дмитрий Миляев, волии вилояти Тула ҳам ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, баъди ҳамла дар корхона сӯхтор сар задааст.
Миляев аз захмӣ шудани ду нафар хабар додааст.
Корхонаи "Азот" ба тавлиди нурии минералии селитра машғул аст, ки метавонад дар сохтани маводи тарканда истифода шавад.
Давоми ду ҳафтаи ахир ин бори дуюм аст, ки ба корхонаи "Азот" ҳамла мекунанд. Рӯзи 24-уми май ҳам "Азот" мавриди ҳамла қарор гирифта буд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки шаби гузашта низоми дифои ин кишвар 61 паҳподи украиниро нобуд кардааст. Ба гузориши ин ниҳод, бесарнишинҳо бар фарози вилоятҳои Брянск, Белгород, Калуга, Тула ва нимҷазираи ишғолшудаи Қрим сарнагун шудаанд.
Эътирозҳо дар Лос-Анҷелес. Трамп 2 ҳазор сарбоз мефиристад

Дар пайи эътирозҳо дар Лос-Анҷелеси Амрико, маъмурияти Доналд Трамп эълон кард, ки 2 ҳазор сарбози Гвардияи миллиро ба ин шаҳр мефиристад. Се рӯзи ахир эътирозҳо ба амалкарди кормандони федеролии Хадамоти муҳоҷират ва гумрук (ICE) дар Лос-Анҷелес идома доранд. Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс" гузориш додааст.
Бархӯрди кормандони Хадамоти муҳоҷират бо садҳо муътариз дар ноҳияи Парамаунт, дар ҷанубу шарқӣ Лос-Анҷелес рух дод. Баъзе муътаризон дар даст парчами Мексика доштанд. Дар наворҳое, ки аз ҷойи ҳодиса пахш шуд, афсарони Хадамоти муҳоҷират ва гумрук бо либосҳои сабз ва ниқобҳои зиддигазӣ дида мешаванд
Эътирози дуввум бегоҳи 7-уми июн дар маркази шаҳри Лос-Анҷелес рух дод ва дар он қариб 60 кас ширкат дошт. Онҳо шиор медоданд, ки "Хадамоти муҳоҷират ва гумрук аз Лос-Анҷелес дафъ шав."
Пулиси Лос-Анҷелес дар саҳифаи X (Твиттер) хабар дод, ки баъди ҳушдорҳои зиёд, чанд нафар боздошт шудаанд.
Эътирозҳо дар Лос-Анҷелес шоми ҷумъаи 6-уми июн пас аз он оғоз шуд, ки кормандони Хадамоти муҳоҷират ва гумрук дастикам 44 нафарро бо гумони нақзи қонуни муҳоҷират дастгир карданд.
Кохи Сафед хабар дод, ки Доналд Трамп дастур додааст, ки "барои ҷорӣ кардани тартибот ва аз байн бурдани беқонунӣ," сарбозони Гвардияи миллӣ ба Лос-Анҷелес фиристода шаванд.
Волии аёлати Калифорния, ки шаҳри Лос-Анҷелес ҳам ба он шомил аст, қарори Трампро танқид карда, онро “” хонд. Гэвин Нюсом дар шабакаи X навишт, "Трамп сарбозони Гвардияи миллиро на барои камбуди пулис, балки барои намоиш ба Лос-Анҷелес фиристод. Ягон хушунат нест, танҳо эътирози сулҳомез аст."
Доналд Трамп баъди бозгашт ба Кохи Сафед ваъда додааст, ки маъракаи бузурги ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро роҳандозӣ мекунад.